ОТЗЫВЫ О НАШИХ КУРСАХ
ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЕ КУРСЫ
ш. Хуҷанд
кӯч. И. Cомонӣ 46 A
ш. Душанбе
н. Сино, Испечак 2
Дар ҳаёт лаҳзаҳое фаро мерасанд, ки Шумо дар фикри КАСБИ НАВ шудан ҳастед!
Дар курсҳои касбии маркази таълимии “Нури хирад” Шумо ба ҳадафи худ мерасед, бо системаи пурмаҳсули таҳсилот ошноӣ пайдо мекунед, ба Шумо ва ба фарзандатон донишомӯзӣ бароҳат мегардад, бо диққат мешавед, маълумоти бештареро дар хотиратон маҳфуз нигоҳ медоред, тамоман хаста намешавед.
Мо ба Шумо курсҳоеро пешкаш мекунем, ки имконияти Шуморо ба шуғли меҳнат кардан меафзояд.
КАНАЛИ МО ДАР INSTAGRAM
БАҲО БА КУРСҲОИ МО
Диля
Тарҳсозии либоси занона
Ҳангоми таҳсил ба ман кашидани моделҳои занонаро омӯзониданд, чӣ тавр омода кардани экскизҳои ин моделҳоро дар муддати як моҳ омӯзониданд! Дар курси дӯзандагӣ мо на танҳо дӯхтани либосҳо ва куртаҳои зеборо омӯхтем, балки либосбурии чунин намудҳои зебои куртаҳоро омӯхтем. Буридани либосро дар ҳама ҷо ёд намедиҳанд, зеро он таҷрибаи калон ва маҳорати касбиро дар соҳаи моделсозии либос талаб мекунад. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки ба ин марказ омада таълим гирифтам. Дар ин ҷо хеле омӯзгорони хуб, ғамхор ва пуртаҷриба дарс мегӯянд, ки ҳамаи сирри касби дӯзандагиро ба мо меомӯзанд.
Рухшона
Маҳорати пухтупаз
Ман дар маркази “Нури хирад” ба курси маҳорати пазандагӣ мехонам. Ман дар вақти хонданам дар бораи пазандагӣ фаҳмидам, сирри қаннодӣ ва бомаҳоратона тайёр кардани хуришҳо ва намудҳои гуногуни хӯрокро ёд гирифтам. Ман хеле хушнуд аз он ҳастам, ки марказе ҳаст, ки дониш гирифта метавонед. Дар ин марказ муаллимаи хуб ба мо дарс гуфта, навъи зиёди омода кардани ҳама намуди хӯрокҳоро омӯзониданд ман аз ӯ сипосгузорам, ки бо мо чунин муносибат намуда, ҳамаи асрори пазандагиро кушода доданд.
Виктория
Малакаи ороишӣ
Ба фикри ман маркази таълимии “Нури хирад” аз дигар марказҳои таълимӣ фарқ дорад. Ман пушаймон нестам, ки маҳз дар ҳамин маркази “Нури хирад” ҳунар меомӯзам. Ман дар ин ҷо бисёр чизҳоро ёд гирифтам, яъне ороиши рӯй (макияж) ва касби машшотагиро омӯхтам. Дониши гирифтаам ба фоидаи кор аст. Бисёр ҷиҳатҳои мусбӣ дорад. Сипозгузор аз он ҳастам, ки муаллимони ин ҷо дониши хешро нуқта ба нуқта аз таҳти дил ба мо ёд медиҳанд. Ман хеле хурсанд ҳастам, ки дар Тоҷикистон барои мо ва барои фарзандонамон чунин марказ фаъолият намуда, маҳорати касбомӯзии ҳар яки моро кашф менамояд.