ОТЗЫВЫ О НАШИХ КУРСАХ
ПРОФЕССИОНАЛЬНЫЕ КУРСЫ
ш. Хуҷанд
кӯч. И. Cомонӣ 85 A
Рушду нумӯи кишвари мо бе инкишофи босуръати таълим
тараққӣ намекунад.
Ҷон Фитсҷералд Кеннеди

Маркази таълимии “Нури хирад” ягона маркази таълимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аст, ки дорои курсҳои кӯтоҳмуддат буда, дониши босифат медиҳад.
Мақсади мо: Дараҷаи саводнокии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистонро баланд бардошта, дар муддати кӯтоҳ соҳиби дониши касбӣ кардан аст.
Омӯзгороне кам ёфт мешаванд, ки вобаста ба дараҷаи дониш ва фаҳмиши шунанаванда маълумот дода тавониста бошанд.
Дар маркази “Нури хирад” маҳз чунин педагогҳо дарс мегӯянд, ки хусусиятҳои равонии ҳар як шунавандаро ба инобат мегиранд. Омӯзгорони мо соҳиби маълумоти олӣ дар хориҷа доранд. Курсҳои васеи таълимӣ аз синни хурдсолӣ то зинаи калонсолон ба роҳ монда шудааст. Қабул ба курсҳо дар муддати тамоми сол суръат мегирад. Мо ба шунавандагон курсҳоеро пешниҳод менамоем, ки дар ҳаёти имрӯза талаботи зиёд дорад. Ҳамаи омӯзгорони мо таҷрибаи воқеии пешрафтаи корӣ дошта, онҳо нозукиҳои ин касбро мекушоянд.
Фаъолияти худро мо дар соли 2010 оғоз кардем. Марказ тамоми иҷозатномаи Вазорати Маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи фаъолияти таълимӣ дорад.
Бинои таълимии мо дар маркази шаҳри хуҷанд ҷойгир буда, бо намуди тамоми нақлиёт ба марказ расида метавонед. Синфхонаҳои калони таълимии муҷаҳҳазгардонида боиси таҳсили бароҳати шунавандагон мегардад. Синфхонаҳо на танҳо барои машғулияти синфӣ таҷҳизонида шудаанд,балки барои дарсҳои аудио-визуалӣ низ муҳайё карда шудаанд. Дар тӯли бомуваффақияти фаъолияти мо, ҳар як шунаванда дар худ дониши бебаҳо гирифта, айни замон дар корхонаҳои бонуфузи кишвар фаъолият бурда истодаанд.
Мо аз стандартҳо, усулҳо ва технологияҳои навтарини таълим истифода мебарем.
Роҳи донишомӯзиро бо мо идома деҳ!
«Нури Хирад» — дониши худро макаммал гардон!
Каҳҳорова М. А.
Директорми ҶДММ «Нури Хирад»
